Пешгирии ҷавонон аз экстремизму терроризм

КОНИБОДОМ. Ҷиҳати  пешгирии ҷавонон аз  ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм мувофиқи нақша – чорабинии муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом вохӯриҳо бо хонандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои шаҳр гузаронида шуда истодааст. Чанде пеш дар ҷамоати деҳотии Патар вохӯрӣ гузаронида шуда, Шарипов А мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИШ ҲХДТ, намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вакили маҷлиси вакилони вилоятӣ аз ҳавзаи №17 Ғафурова З ва мушовири раёсати маорифи шаҳр Олимова М ва инчунин намояндаҳои коллеҷу литсейҳои шаҳр иштирок намуданд. Шарипов А ҳангоми баромади худ дар маҷлисгоҳи  муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ҷамоати деҳоти Патар бо хонандагони синфҳои 11-уми муасисаҳои №19,20,21,35,44 қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо баҳри пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб, экстремизму терроризм, ғоратгарӣ мебошад ва инчунин қайд намуд, ки асоси шомилшавии ҷавонон ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар зарари истифодаи телефонҳои дастӣ, истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ дониста  ҷавононро  даъват ба амал овард, ки ҷавонони бо нангу номуси Ватани худро беназорат нагузорем. Қайд карда шуд, ки баъзе падару модар, оилаи ободи худро тарк намуда, ба олами разолату ҷаҳолат ворид мешаванд. Дунёи худро ба ваҳшоният табдил медиҳанд.Умри ҷавони худро дар майдони харобазор сипарӣ мекунанд. Ҳол он ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон тамоми шароит ҷиҳати таҳсилу касб омӯхтан муҳайёст. Дониши мукаммал надошта бошанд ҳам, бояд ягон ҳунари ба худ маъқулу муносибро интихоб намуда, зиндагии худ ва ҷомеаи худро обод гардонанд.  Ҳамин гуна вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Пӯлотон дар толори МТМУ №24 бо иштироки хонандаҳои синфҳои 11-уми №23,24,25,26,27,12,46-и ҷамоат гузаронида шуд,ки дар он Шарипов А дар баромади хеш қайд кард,ки ҳангоми таҳсил дар донишгоҳои олии давлатҳои хориҷа ба фирефтагӣ роҳ надиҳед,зеро шумоёнро падару модаронатон интизоранд,инчунин  вакили маҷлиси вакилони вилояти аз ҳавзаи интихоботии №17 Ғафурова З қайд намуд,ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода , ҳурмати падару модар ва омӯзгорони худро ба ҷо биёранд дар вақти касбиинтихобкунӣ ояндаи худро хуб дарк намоянд,баъдан вакили маҷлиси вакилони шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии №21 Мухторов Б иштирок намуда,ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намуда,ки Пешвои миллат ба ҷавонони бо нанг номуси Ватан боварии калон доранд. Дар охири чорабинӣ намояндагони коллеҷи технологӣ,омӯзгорӣ ва литсейи аграрӣ Ёдгорова Х, Хидирова Ш ва Мараҷабов И ҷавононро ба касбомӯзию ҳунаромӯзи даъват карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>