Соҳаи сайёҳӣ – муаррификунандаи таъриху фарҳанг

20180504_094504

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дар ҳамҷоягӣ бо Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ ва таҳаввули ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Конфронс дар маҷлисгоҳи ДИС ДДТТ доир гардида, дар кори он собиқадорон, як қатор устодону донишҷӯён ва намояндагони ҲХДТ -и муассисаҳои олӣ ва миёнаи кишвар ва кумиҷроияи ҳизбии шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.  Конфронс бо суханони ифтитоҳии директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода оғоз ёфт. Дар конфронс Сарфароз Фаттоҳзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ карда, меҳмононро ба маркази вилоят хайрамақдам гуфт. Сарфароз Фаттоҳзода зимни суханронии худ аз ҷумла қайд намуд, ки20180504_093924 миллати тоҷик бо ҳунар ва ҳунармандӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст. Таъкид ба амал овард, ки дар шаҳри Истаравшан 130 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ шудаанд. Оид ба рушди ҳунар дар дигар минтақаҳои вилоят низ мухтасар маълумот дод. Қайд намуд, ки дар конфронс маърӯзаҳои олимони ҷавон шунида мешаванд. Зикр карда шуд, ки КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамеша пуштибони олимони ҷавон мебошад. Дар интиҳои суханронӣ Сарфароз Фаттоҳзода ба кори конфронс барору комёбӣ таманно намуд. Перомуни мавзӯи “Мафҳум ва марҳилаҳои рушди сайёҳӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҷамшедхон Тюряев, муовини раиси КИ ҲХДТ “Сомон” дар маҳаллаи Суғдиён баромад намуда, марҳилаи ҷалб намудани сайёҳонро ба ҳозирин фаҳмонида дод. Ҷамшедхон Тюряев аз таърихи пайдоиши сайёҳӣ ва марҳилаҳои рушди сайёҳӣ то таснифот ва намудҳои сайёҳӣ таҳлил намуда, барои дуруст ба роҳ мондани соҳаи сайёҳӣ андешаронӣ карда, гуфт, ки ҳоло дар дунё кишварҳои зиёде мисли Олмону 20180504_092041Корея ва Амрико аз ҳисоби рушди сайёҳӣ солона миллионҳо доллар фоида мебинанд. Ҳамчунин дар конфронс Фирӯза Раҳимӣ – номзади илми ҳуқуқшиност, мудири шӯъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ дар мавзӯи “Шеваҳои эҳё, рушд ва танзими ҳунарҳои мардумӣ” ва Гулчеҳра Турсунова – дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар мавзӯи “Таърихи рушди фарҳанги ҳунарҳои мардумии шаҳри Хуҷанд” бо факту рақамҳо ва маълумотҳои ҷолиб баромадҳои пурмӯҳтаво кардда, дар дили ҷавонон нисбат ба ҳунар ва ҳунаромӯзӣ меҳру муҳаббатро бештар намуданд.

20180504_092939(0)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>