Шоҳиди давраҳои таърихӣ

АЙНӢ. Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Айнӣ ба дидорбинии иштирокчии  ҶБВ Остонақул  Саидов  роҳсипор  гашт. Останақул  Саидов   аз  зумраи  калонсолтарин  шаҳрванди  ноҳияи Айнӣ  маҳсуб  ёфта, соли 1918 дар  деҳаи Варзи Манори ноҳия , дар  оилаи деҳқон  таваллуд  шудааст. Ӯ иштирокчии  Ҷанги Бузурги Ватанӣ  буда, солҳои  1942 то 1945 дар  набардҳои  шадид  чун  сарбози тирандоз  адои  қарзи родмардии худ  намуда, соҳиби  чандин ордену медалҳо гардидааст. Баҳри болидарӯҳӣ ва шод намудни таъби ин марди Ватандӯст, Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  Қобилзода Абдуғанӣ мулоқоти судманро доир намуд. Зимни  суҳбат Остонақул  Саидов  аз  гузашта  ёдовар  шуда  мегӯяд:Аз  даврони бачагиам босмачиҳои  Беки  Мастчоҳ  ва Аскарони Сурхро хуб  дар ёд дорам. Босмачиҳо  ба деҳа бо  аспҳои масти  худ  нохост  пайдо  шуда  меомаданд ва  ба хонаҳо даромада  ҳама  ҷоро  мекофтанд. Курпаю  курпачаҳоро дарронда, пахтаю латтапораҳоро  титу  парешон карда, абраю  астарашро гирифта  мерафтанд. Аскарони  Сурх, ки омаданд,  босмачиҳо дигар  ба  деҳа наомаданд  ва байрақи сурхашонро ба  болои  манор часпонда монданд.   Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1942 то соли 1944 дар  фронти Қувваҳои Марказӣ   ва баъди  маъюбӣ  то охири ҷанг  дар  шаҳри Воронеҷ дар завод  кор кардам.. Дар ибтидо  дар шаҳри Байрамалӣ аз  машқҳои ҳарбӣ  сабақ  омӯхтам ва  сипас  дар набардҳои  шадиди дуртар  шаҳри  Тула иштирок  намудам. Дар яке аз  муҳорибаҳои  сахт  аз  пешониам  ва  пои  чапам  ярадор шудам.  6 моҳ  дар госпитали шаҳри Киев табобат  гирифтам. Баъди  табобат ба шаҳри Воронеҷ фиристоданд  ва  дар  барқароркунии  заводи  қандбарорӣ  ва яроқбарорӣ  кору хизмат  намудам. Баъди ҷанг  маро аз  комиссияи  тиббӣ  гузаронида, сипас ба  зодгоҳам фиристоданд. Дар ин  байн 5  сол  хизмати бригадирии колхози  “ Ҷамъияти нав”-ро  ба ӯҳда  гирифтам. Соли 1945 бо Бибибегим (аз деҳаи Хушекат)  хонадор  шудам. Мутаассифона баъди таваллуди фарзанд ҳамсарам бо кӯдакаш  фавтиданд. Инчунин,  соли 1946  бо Бибисаид ( аз деҳаи Зеробод)  оила  барпо намудем. Баъдан  дар  нуқтаи таъмини  сӯзишвории маркази  ноҳия 13  сол бенуқсон кор кардам.  Соҳиби 10 нафар фарзандон, 50 нафар  наберагон, 30  нафар аберагон ва 20 нафар чаберагон    шудем.    Сипас  ба  нафақа  баромадам. Соли  1995 бо  оилаам  Хонаи Худоро зиёрат  намудем. Зиндагӣ ба  ман 18 сол муқаддам  боз  бераҳмӣ  кард.  Ҳамсарам (руҳаш  шод  бод)   вафот кард.   Холо дар муҳити  фарзандону наберагон давлати  пирӣ  меронам. Барҳам  хӯрдани  СССР  ва  сар  задани  ҷанги  дохилӣ  бароям даҳшаттарин  ва  душвортарин рӯзҳои  зиндагониам  буд. Сад  шукр, ки  фарзанди  баору  номус, ғаюру  миллатдӯст Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  сари  қудрат омад  ва соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дида  нерӯи  тоза  гирифтам. Ҳар  рӯз  барои  пешрафти кори Пешвои  милллат   дасти  дуо мебардорам:- Худовандо! Пешвои  муаззами  миллати  моро  дар паноҳи исмати  худ  нигоҳ  дор  ва Тоҷикистони  моро  ба ҷаннати  рӯи  замин  мубаддал  гардон! Омин. Дар охир  ба  О. Саидов  тӯҳфаи  хотиравии  КИ  ҲХДТ  супорида  шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>