Оянда аз мост!

АШТ. Ҷиҳати иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии маънавии қишри навраси ҷомеа дар назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маҳфили доимоамалкунандаи ҷавонон таҳти унвони «Оянда аз мост!» ба фаъолият шурӯъ намуд. Мақсад аз таъсис додани маҳфил дар рӯҳияи баланди садоқат ба Ватан тарбия намудани насли наврас, ба таҳсилоти олӣ ва махсуси касбӣ фаро гирифтани онҳо ва дар ин замина баргузории дарсҳои иловагӣ бобати омодагирӣ ба имтиҳоноти қабули Маркази миллии тестӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мебошад.  Бояд зикр намуд, ки маҳфил ҳар ҳафта як маротиба баргузор гардида, барои гузаронидани  машғулиятҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста карда шудаанд. Машғулияти аввалинро Раиси ноҳия З. Мирдадо ҳусни оғоз бахшида, ин иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро боз як амали нек барои дастгирии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия арзёбӣ намуд. Сипас бо иштирокчиёни маҳфил сӯҳбати озод бобати тамоми масъалаҳои марбут ба наврасону ҷавонон доир намуда, ба кори он муваффақият таманно намуд. Таклиф пешниҳод кард, ки машғулиятҳо аз рӯи дархости хонандагон ва бо ҷалби мутахассисони варзида ҷараён гирад. Сипас омӯзгори фанни таърих Эраҷ Қурбонов дар доираи нахустмавзӯъ «Аз таърихи пайдоиши инсон то ба имрӯз» бо истифода аз роҳу усулҳои муосири таълим ба тариқи содда ва фаҳмо дарс гузашт. Дар дарси назариявӣ-сиёсӣ инчунин ҷонишинони директор оид ба корҳои таълими муассисаҳои маркази ноҳия ширкат варзида, дар интиҳо баҳри пешравии фаъолият изҳори назар намуданд. Дар назар аст, ки машғулиятҳо дар ҷамоатҳои дурдасти ноҳия низ барпо карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>