Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии бонкӣ дар ҷамоати деҳоти Оббурдон

МАСТЧОҲ. Имрӯз бо иштироки раиси ноҳияи Мастчоҳ Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад ва раиси Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Ҳакимзода Руҳулло Абдулғанӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳия маркази нави хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ ёфт. Нахуст раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон Акбар Қобилов меҳмононро муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки ҷамоати мазкур, махсусан нафақахурон, ки теъдодашон 2789 нафар мебошад, солҳо интизори чунин марказ буданд. Сипас раиси ноҳияи Мастчоҳ Азиззода Ғ. М. доир ба рушди соҳоти гуногун, махсусан пешрафти иқтисодиёти мамлакат сухан гуфта, изҳор дошт, ки ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии бонкии БДА «Амонатбонк» дар калонтарин ҷамоати ноҳия — Оббурдон, нишонаи дигари дастгириҳои Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҳакимзода Р. А.зимни ироаи табрикот аз имконоту дастовардҳои ягона бонки давлатӣ дар Тоҷикистон — «Амонатбонк» сухан гуфта, ифтитоҳи маркази нави хизматрасонии бонкиро натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули кормандони бонк, боварии аҳолӣ ва дастгирии соҳибкорон донист. Мавсуф аз ҳамаи масъулин ва кормандони ин бонк дар ноҳияи Мастчоҳ даъват намуд, ки барои иҷрои рисолати худ аз донишу таҷрибаи касбӣ истифода намоянд. Иброҳим Давлатзода, мудири филиали №32-и БДА ҶТ «Амонатбонк» аз имкониятҳои маркази мазкур иттилоъ дода, бунёди онро иқдоми саривақтию зарурӣ ва муфид донист. Ӯ мегӯяд:- Дар ин марказ тамоми хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумла ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ба пасандоз, пардохти нафақа, музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, қабули пардохтҳои андоз, шиносномаҳо, қабули маблағҳои барқ, пардохти маблағҳои нтиқоли пулӣ аз хориҷи кишвар, ва ҳама намуди хизматрасониҳои бонкӣ ба роҳ монда мешавад. Айни замон дар ин марказ ду нафар мутахассис ба кори доимӣ таъмин буда, дар оянда ният дорем, барои боз ҳам осонтар шудани кори аҳолӣ бо тавассути кортҳои пластикӣ як банкоматро низ насб намоем. Собиқадори меҳнат Сабоҳат Нурова, ки ҳар моҳ барои гирифтани нафақааш маҷбур буд 15 км роҳро тай намуда, ба маркази ноҳия — шаҳраки Бӯстон равад, пас аз ифтитоҳи ин марказ мушкилаш осон шуд.  — Ҳазорон сипос ба масъулин ва кормандони ин бонки мардумӣ, ки барои саривақт ва осону қулай гирифтани нафақа ин марказро бунёд карданд. Мо нафақахӯрон аз ифтитоҳи ин маркази хизматрасонии бонкӣ беш аз дигарон хурсанд шудем, — мегӯяд С. Нурова.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>