Ҷавонон эҳёкунандаи ҳунарҳои миллӣ

заф

ЗАФАРОБОД.  Дар асоси нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод, ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо ҳамкории шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 7 майи соли 2018 дар Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод маҳфили «Хушдилон-2018» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, 13, 22 ва литсейи №1 таҳти унвони «Ҷавонон эҳёкунандаи ҳунарҳои миллӣ» аз рӯи 5 шарт (саломнома, миниатюра, байтбарак, саволу ҷавоб ва рақси миллӣ) ташкил ва гузаронида шуд. Мақсад ва ҳадаф аз гузаронидани чунин маҳфилҳо дарёфти истеъдодҳои нав, тарғиби васеи фарҳанги миллӣ ва ҳунару истеъдодҳои ҷавон дар байни наврасон, намоиши маҳорати зеҳнию ҳозирҷавобӣ мебошад. Дастаҳое, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>