Ҷалби ҷавондухтарон ба варзиш

МАСТЧОҲ. Дар доираи чорабиниҳои иқдоми «20 рӯзи ҷавонӣ», ки аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ амал мекунад, мусобиқаи кушоди ноҳиявии гуштини камарбандӣ миёни ҷавондухтарон баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи мусобиқа Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба тадбирҳои муҳимтарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, изҳор дошт, ки бо дастгирии Пешвои миллат варзиш дар кишвари мо дар марҳилаи олии рушд қарор дорад. - Маҳз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Комроншоҳи Устопириён — варзишгари ҷавони диёри мо дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ парчами давлатии моро баланд мебардорад ва бо ҳунару маҳорати нотакрори худ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, — гуфт Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ. Дар идома раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ изҳор дошт, ки барои рушди варзиш дар миёни ҷавондухтарон якчанд чорабиниҳои муфид ба нақшаи корӣ ворид шудаанд, ки мусобиқаи имрӯза аз ҷумлаи онҳост. Сипас мусобиқа миёни ҷавондухтарони соли таваллуди 2004 — 2006, 2001 — 2003 ва аз 18-сола боло (то вазни 63 кг) шуруъ гардид. Саъю талошҳои варзишгардухтарон барои ғалаба мусобиқаро шавқовару зебо кард. Билохира, аз ҳамаи вазнҳо ғолибон муайян гардида, бо дипому медал ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ шуданд.       — Мусобиқаи имрӯза муайян намуд, ки ҷавондухтарони мо дар варзиш, махсусан гуштини камарбандӣ камтар аз писарон нест. Хеле олӣ бозӣ карданд. Боварии комил дорам, ки дар мусобиқоти вилоятию ҷумҳуриявӣ низ ҷавондухтарони мо соҳиби мақомҳои ифтихорӣ шудан метавонанд, — мегӯяд сардовари мусобиқа Набӣ Дадабоев. Иқдоми «20 рӯзи ҷавонӣ» дар ноҳияи Мастчоҳ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>