Ҷаласаи комиссияи ташвиқотӣ дар кумиҷроия

БӮСТОН. Тибқи  нақшаи кории  комиссияи ташвиқотии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи  ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи  комисссияи мазкур баргузор гардид. Дар ҷаласа аз ҷониби аъзоён  се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбати масъалаҳо қарорҳои дахлдор тасдиқ карда шуд. Раиси комиссияи ташвиқотии назди кумиҷроия,  аъзои кумиҷроияи шаҳрӣ Нурзода Мамнур оиди  корҳои ба анҷомрасида аз ҷониби  аъзоёни комиссия  дар се моҳи аввали соли равон  ҳисобот пешниҳод намуд. Мавриди суханронӣ  раиси комиссия  таъкид намуд, ки  аз ҷониби аъзоёни комиссия дар  давраи ҳисоботӣ 16 хонишҳои сиёсӣ дар  ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроя баргузор гадида,  мавзӯҳои  мубрами рӯз аз ҷумла    «Паёми Пешвои миллат- дастурамали ҳамагон», «Терроризм вабои аср», «Хизмат дар Артиш- ифтихор аз ватандорист»,  «Модар- офарандаву посдорандаи зиндагист», «Наврӯз ҷашни байналмилал» -ро фаро гирифт.   Ҳамчунин таъкид гардид, ки  аъзоёни комиссия дар як  конференсия ва  ду мизи мудаввар, ки  бахшида ба  ташаббуси беназири  Пешвои миллат Даҳсолаи байналмиллал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» баргузор гардид, иштирок намуда андешаронӣ намуданд.  Оиди  масъалаи дуюм ва сеюм тасдиқи  нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати  баргузории ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва  ҷадвали аёдати собиқадорон бахшида ба санаҳои ҷашнӣ тасдиқ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>