Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз – ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад!

СПИТАМЕН. Субҳи босафои рузи гузашта тибқи нақшаи ҳафтаина- ҳафтаи «Поси хотир»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан», бо дастгирии Шӯрои собиқадорон, гуруҳи «Созанда», бо ҳисси эҳтиром, дар оромгоҳи марказӣ корҳои ободонӣ ва тоза намудани гирду атрофи қабрҳои иштирокчиёни ҶБВ  баргузор гардид.  Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби назди Кумитаи иҷроия Ҳ.Раҷабов ,сараввал, бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», гуруҳи «Созанда», толибилмон  оид ба 73 солагии таҷлили Ғалабаи Бузур суҳбат намуд, қаҳрамониҳои ҶБВ-ро як-як ба хотир оварда баҳри ҳаёти имрузаи хушбахтона, ки  бо ҷоннисорӣ ба мо мерос мондааст даъват намуд, ки муҳофизатгари ин Ватан – сарзамини биҳиштосо, ватанпарвару ватандӯст, ободкору бунёдкор ва созанда бошем. Корҳои ободонӣ дар оромгоҳ бо ҳисси эҳтиром ба анҷом расонида шуд, аз ин иқдоми нек, ҷавонон ба худ шиор намуданд, ки бояд мисли ҳамин гуна фарзандони фарзонаи миллат ба воя расида ба қадри ҳаёти осоиштаи имрӯза бирасанд. Ин ташаббус ва иқдоми хайрихоҳонаро  имом – хатиби масҷиди марказӣ Исмоилов Баҳодурхӯҷа бо дуои нек изҳори минаттдорӣ намуд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз – ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>