Сулҳ бошад ҷовидон!

бғ сулҳ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ташаббуси КИИ дар минтақаи Ёва бахшида ба 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Сулҳ бошад ҷовидон!» баргузор гардид, ки дар он иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуҳамид Юлдошев иштирок доштанд. Раиси КИИ дар минтақаи Ёва Шералиев Ҳ., зимни ифтитоҳ бахшидани чорабинӣ меҳмононро хайрамақдам гуфт ва кулли иштирокчиёнро бо фарорасии Иди Ғалаба табрик намуд. Қайд кард, ки ғалабаи халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз саҳифаҳои дурахшони таърихи мубориза ва қаҳрамониҳои беназири инсоният бар муқобили нерӯҳои аҳриманӣ ва зулму истибдод мебошад. Мо имрӯз ба хотири эҳтиром ба азму ирода, ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои Ватан сари таъзим фуруд меорем. Баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби хонандагон композитсияи адабӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Сурудҳои ватандӯстонаи ҳофизони шинохта садо дод. Дар интиҳо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуҳамид Юлдошев бо гулдастаҳои тару тоза ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>