Қадрдонии меҳнати пурсамар

бғ номи куча

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Арҷгузорӣ ба меҳнати шоистаи фарзандони барӯманди диёр аз муборактарин  фазилатҳоест, ки ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мароми худогоҳиву хештаншиносиро ба насли наврасу ҷавон талқин менамояд. Дар арафаи таҷлилёбии 73- юмин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ номгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои деҳаи Ёва ба номи фарзанди барӯманди диёр Ботур Мирзоев басо рамзист. Дар КИИ ҲХДТ минтақаи Ёва чорабинии тантанавии номгузории кӯча ба номи Ботур Мирзоев баргузор гардид. Раиси Ҷамоати  деҳоти Ёва Шералиев Ҳ баъди сухани ифтитоҳӣ ва шиносии меҳмонон  тарҷумаи ҳоли Ботур Мирзоевро қироат  намуд. Дӯстону пайвандон низ хотираҳояшонро аз ҳаёту фаъолияти ин шахси кордон варақгардон намуда, гуфтанд, ки Ботур Мирзоев 27 сол раисии колхози Ҷаббор Расуловро ба ӯҳда дошт. Дар давоми фаъолияташ бисёр кадрҳоро тарбия намуд, инсони меҳнатдӯсту масъулиятшинос буд.

Сад умр равад кори ҷаҳон мемонад.
Ёде ба дили пиру ҷавон мемонад.
Аз сарвари некӯву ба халқаш мушфиқ,
Коре, ки накӯст ҷовидон мемонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>