Вохӯриҳои самимӣ бо ҷавонон

конибодом

КОНИБОДОМ. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандорӣ ва даъвати онҳо ба донишандӯи яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.Тӯли як ҳафта тибқи нақшаи шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва Раёсати маориф бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди Ҷамоатҳо ва шаҳр оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ мулоқот гузаронида шуда истодааст. Чунин вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти А.Лоҳутӣ доир гардид,ки дар он Шарипов А мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИШ ҲХДТ ва Олимова М мушовири Раёсати маориф оид ба шомил шавии баъзе аз ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ аз сабаби паст будани дониш ва надонистани оқибати он суханронӣ намуданд. Инчунин дар вохӯрӣ Ғафурова Заррина вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №17 Ғафурова Замира зимни суханронии худ ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намуд. Сипас дар байни вохӯриҳо саволу ҷавоби озод баргузор гардид, ки хонандаҳо ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд. Омӯзгорони МТМУ ва хонандагон барои ташкили чунин вохӯрӣ миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>