Вохӯриҳо бо интихобкунандагон

ҶАББОР РАСУЛОВ. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбаригардида аз санаи 27 апрели соли 2018 бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор карда истодаанд. Вакилон дар вохӯриҳо оиди сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пешгирии экстремизм, пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирии никоҳи бармаҳал, дар бораи муҳоҷират, маданияти шарҳдорӣ ва маданияти экологӣ баромад мекунанд. Аз ҷумла санаҳои 27 ва 30 апрел дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии №1 ва №4 вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Бобоева Гулсун ва Расулзода Шаҳноза бо интихобкунандагон доир гардид. Дар вохӯриҳо раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам ва мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯриҳои вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон то санаи 15 июни соли 2018 тибқи ҷадвали тасдиқгардида баргузор хоҳанд гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>