Идомаи корҳои сохтмонӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 16.02.2018 оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои ҳизбӣ то соли 2019, сохтмони бинои маъмурии кумиҷроия тариқи ҳашари умумии аъзоёни ҲХДТ оғоз гардидааст. Бояд махсусан қайд кард, ки саҳми кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳия, вакилон, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ назаррас буда, бо ин иқдоми созандагиву ободкоронаи худ мардумро ба ободониву пешрафти Ватани маҳбубумон муттаҳиду сафарбар намуда, дар сохтмони бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳия саҳми босазои худро мегузоранд. Ҷиҳати дар мӯҳлатҳои муайяншуда сохта ба истифода додани бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи кумиҷроия ва аъзоёни фаъоли ҳизб ҳашар гузаронида шуда истодааст.  Корҳои сохтмони идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>