Ташрифи меҳмонон аз вилояти Иркутски Федератсияи Россия

ХУҶАНД. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати муаррифии гӯшаҳои таърихии кишвар, огоҳӣ ёфтан аз таърихи фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва саҳм гузоштан дар рушди сайёҳии дохилии кишвар дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саёҳати як гурўҳ меҳмонон аз вилояти Иркутски Федератсияи Россия ба шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Меҳмононро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, кормандони кумиҷроия ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ намуданд.  Дар ин сафар нахуст меҳмонон бо Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқот оростанд. Сипас дар ҷараёни сафар меҳмонон аз қасри маданияти “Арбоб”, корхонаи муштараки ҶДММ “Ҷавонӣ”, Маҷмаи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол”, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуда, аз наздик шинос шуданд. Ёдрас мешавем, ки сафари меҳмонон дар шаҳри Хуҷанд якчанд рӯз идома меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>