Миннатдорӣ барои Ғалаба!

СПИТАМЕН. Дар пояи ташкилоти ибтидоии  Истиқлол, дар асоси нақшаи ҳафтаинаи ҳафтаи поси хотири Қумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен,бо ташаббуси фаъолони ТҶҶ «Созандагони Ватан», самти кор бо ҷавонони кумитаи иҷроия, гуруҳи «Созанда»  дар хиёбони «Ғалаба»-и ҷамоат чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 73-солагии Иди Ғалаба баргузор гардид. Чорабинии фарҳангиро толибилмони МТМУ №14 бо як шукуҳу шаҳомати хоса ба ёди қаҳрамонони қаҳрамониҳои ҶБВ баргузор намуданд. Дар ин чорабинӣ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қобилов Назирбобо,  собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони  МТМУ №14 иштирок намуданд. Сараввал, раиси ҷамоати деҳоти Истиқлол Ғ.Неъматҷонов   ҳозиринро бо ҷашни 73-солагии Иди Ғалаба табрик намуда, ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қобилов Назирбобо тӯҳфаҳои хотирмон супорида, суханро ба Қобилов Назирбобо дод. Қобилов Назирбобо лаҳзаҳои ҷангро ба ҳозирин нақл намуда, аз замони ҳозираи тинҷу оромӣ ва осоиштагии Ватани азизамон ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ баён намуд ва таъкид намуд, ки ҷавонон сарзамини биҳиштосоро дӯст доранд ва гиромӣ намоянд.  Сипас, хонандагони МТМУ №14 дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъру сурудҳо қироат намуданд. Чорабинии фарҳангӣ тарбиявӣ ва боломазмун гузашт.Ин ҳаёти хушбахтона ба мо насиб гардидааст ва ҳамеша  хотири қаҳрамониҳою қаҳрамонҳоро дар ёд пос медорем. Барои Ғалаба ташаккур!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>