Аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва номгузорӣ ба хотири афсар

ПАНҶАКЕНТ. Арҷгузорӣ ва эҳтиром ба хизматҳои арзандаи иштирокчиёни ҶБВ дар рӯзҳои ид ва ҷашнҳо, солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мақсаду мароми насли имрӯза аз ҷумла, ҳизбиён низ мебошад. Бо ин мақсад  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент  Мурод Шукурзода дар арафаи таҷлили 73 –юмин солгарди Ғалаба ба манзили иштирокчиёни ҶБВ Буриев Саид, Зиёев Тоштемир ва оилаи ҷанговар, модари афсар- ҳомии сохти конститутсионӣ Азимов Ҳошим  Раҳмонова Тоҷиой ташриф оварда онҳоро бо фарорасии рӯзи саиди ғалаба табрик ва як миқдор кумаки моддӣ  дастрас намуд.  Дар мулоқот собиқадорони ҷанг аз он рӯзҳои шум ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки сулҳу ваҳдат неъмати бузург аст, ба қадри он бояд расид. Имрӯз, ки дар бисёр мамлакатҳо вазъи сиёсӣ нором буда, ҳарруз овозаи куштор ва таркишҳои мудҳиш ба гӯш мерасад, мо бояд бо зиракии сиёсӣ ватанамонро ҳифз намоем. Дар идомаи чорабиниҳои идона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ҷамъомади хотирмон доир гардида аз афсари шодравон Хуршед Ширинов ёдоварӣ карда шуд. Бо мақсади қадрдонӣ ва поси хотири афсари ҷавон ва шуҷоъ дар асоси қарори маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Ёрӣ яке аз кӯчаҳои деҳаи Ёрӣ ба номи афсари шуҷоъ Хуршед Ширинов номгузорӣ карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>