Ид муборак сарбозону афсарон

Деваштич-Аёдати КХ

ДЕВАШТИЧ. Бахшида ба Рӯзи Ғалаба  дар қисми ҳарбии 0214-и ноҳияи Деваштич аёдати сарбозону афсарон бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатииноҳия баргузор гардид. Инчунин хонандагони чандин муассисаҳои таълимии ноҳия низ дар мулоқот ширкат варзиданд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ёқуб Азизов  аз номи МИҲД-и ноҳия кулли сарбозону афсарон ва ҳайати шахсиро ба Рӯзи Ғалаба муборакбод намуд. аз ҷумла қайд намуд, ки Шумо ҷавонписарон дарси мардонагиву шуҷоатро дар айёми хизмати ҳарбӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани Ватанро аз худ менамоед. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони Шумо худ дарк намудаанд, ки хизмат ба Ватан муҳимтарин қазри шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. ҳамасола сафи ихтиёриён зиёд гардидааст. Барои сарбозону афсарон дастурхони идона ороста шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>