Иди Зафар муборак!!!

Девашти МТМУ №38

ДЕВАШТИЧ. Дар муассисаи таълимии № 38-и ноҳияи Деваштич аз ҷониби аъзоёни фаъоли «Созандагони Ватан» бахшида ба 73-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинӣ баргузор карда шуд. Дар мулоқот  Раиси ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан» дар ноҳия Абдуфаттоҳ Одилов, Раиси занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Нилуфар Носирова ва гуруҳи хонандагону омӯзгорон иштирок доштанд. Аз ҷониби хонандагон маърӯзаҳо, шеъру суруд, саҳначаҳои  ҷолиб бахшида ба Рӯзи Ғалаба барои тамошобинон нишон дода шуд. Барои маҳорати хонандагон ҳамаи иштирокдорон баҳои баланд доданд. Инчунин аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои ташкили чунин чорабинии мазкур барои қадршиносӣ ба омӯзгор Наргис Ғаниева ва хонандагони фаъол Сипосномаҳо дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>