Шараф шуморо эй падарони ҷанговар

спитамен шараф

СПИТАМЕН. Боиси фараҳмандист, ки имрӯз се нафар падарони шӯҳратманду  ҷанговари ноҳияи Спитамен ва 6 нафар ақибгоҳ иди 73 солагии Ғалабаи Бузург бар фашизмро бо сиҳатмандӣ ва руҳияи болида, бо эҳтироми бузург бо  ҳамдиёрон таҷлил мегиранд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен О.Насруллоев ва  кормандони кумитаи иҷроия, аъзоёни Шӯрои собиқадорон иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ Бердияров Юлдош, Қобилов Назирбобо ва Холматов Абдувалиро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аёдат намуданд. Аз ин иқдоми нек аёдатшудагон хушҳол гардида, ба Пешвои миллат, Раиси бохиради ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миннатдории бепоён баён намуда, барои тинҷуву осудагӣ, барои боз ҳам гул –гул шукуфои Ватани азизамон даст ба дуои нек бардоштанд. Ин падарони шуҳратманд, ки роҳи ҷангиашон намунаи ибрати насли ҷавон мебошанд, ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат роҳбари бохиради ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мо, ҳамватанон, аз ин падарони зафарманд ҳамеша ифтихор мекунем ва онҳоро самимона бо иди Ғалабаи Бузург таҳният гуфта, барояшон умри дароз ва давлати осоиштаи пирӣ аз Офаридгор таманно мекунем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>