Қаҳрамонони Ватан!

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Ҳамеша онҳоеро гиромӣ бояд дошт, ки барои озодии ин сарзамин ва саодати халқ ҷоннисориҳо кардаанд. Бо ин мақсад мувофиқи нақша- чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сарварии Роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроия Ахмедов Амирҷон бахшида ба 73-юмин солгарди Ғалабаи Бузург иштирокчиёну маъюбони ҷанг аёдат карда шуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки айни ҳол дар ноҳия 9 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ доранд. Яке аз ватандӯстони қавиирода иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ зимни сӯҳбат бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдати кишвар карда дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояту ноҳия дуои хайр намуданд. Таърих қаҳрамонони миллатро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>