Ҳафтаи Поси хотир

гулистон поси хотир

ГУЛИСТОН. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ», муассисаи  давлатии маркази таҳсилоти иловагӣ Ёқубова М.З – директори муассиса, намояндагони ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан»  бо сардории мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М ва мудири шуъбаи кор бо занони ҳизб Раҳимова М.А. баҳри поси хотир намудани иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида ба «Рӯзи Ғалаба» дар боғи «Шаҳидон» ҳафтаи «Поси хотир»-ро ташкил намуданд. Мақсади ташкил намудани ҳафтаи «Поси хотир» ёдоварӣ аз рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамониҳои ҷанговарон ва тарбия намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон дар руҳияи ватандӯстӣ, мардонагӣ аст. Корнамоиҳои қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ моро водор месозад, ки Ватанамонро азиз дорем, барои он хизмат кунем. Имрӯзҳо, корнамоиҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳама намунаи хизмати фидокорона ба Ватан аст. Онҳо барои ҳимояи Ватан ҷонбозиҳои зиёде кардаанд. Мо, назди корнамоиҳои бемисли сарбозони Ватан сари таъзим фуруд меорем. «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд».

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>