Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

ГУЛИСТОН. Бахшида ба «Рӯзи Ғалаба» Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тасмим гирифт, ки аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо роҳ монад. Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М.Ғ ва мудири шуъбаи кор бо занони ҳизб Раҳимова М.А. иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Самадов Воҳид- истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон кӯчаи  Мирзо Турсунзода 14а, ки барои ҳифзи  Ватани хеш бархоста, дар майдонҳои набард ҷонбозиҳову қаҳрамониҳо нишон додаву босарбаландӣ то «Рӯзи Ғалаба» омада расидааст ва иштирокчии ақибгоҳ Песняева Лидия- истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон кӯчаи Рӯдакӣ хонаи 8 дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашидааст аёдат намуда, бо «Рӯзи Ғалаба» шодбош намуданд. Ба ин оилаҳо аз қабили орд, равған, қанди сафед, биринҷ, макарон, гречка ва чой дастрас карда шуд. Шахсони аёдат кардашуда,  шукронаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намуда, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар,  Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>