Аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи «Созанда»

БӮСТОН. Тибқи нақша ва ибтикори бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 73-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гурӯҳи «Созанда»-и назди Кумиҷроияи шаҳрӣ ба ҷои истиқоматии иштирокчии бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҳазратқулов А. ташриф овард. Аз ҷониби аъзоёни гурӯҳ корҳои тазакунии ҳавлӣ, ҷои истиқомат ва шудгоркунии замини наздиҳавлигии Ҳазратқулов А. ба роҳ монда шуд. Ҳазратқулов А. ба гурӯҳи «Созанда» барои корҳои анҷомдодашуда арзи сипос намуда, оид ба лаҳзҳои фаромӯшнопазири ҳаёти хеш, ки 8 солро дар бар мегирифт нақлҳои аҷиб намуд. Ҳамзамон номбурда ҷавононро барои ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят намуд. Дар навбати худ аъзоёни гурӯҳи «Созанда» ваъда доданд, ки минбаъд низ барои дидорбинии пирамард ва кӯмак барои карҳои ӯ тез-тез ташриф меоваранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>