Аёдати собиқадорони меҳнат

зафаробод

ЗАФАРОБОД. Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат ба муносибати ҷашни Ғалаба таҳти ҳидоятҳои сарвари мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҳалҳои  кишварамон ба ҳукми анъанаҳои миллӣ дохил шудааст.  Бахшида ба муносибати Ҷашни Ғалаба  собиқадорони меҳнат Эрбеков Тошпулод ва Шоғолибов Бобо аз тарафи Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аёдат карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ноҳияи Зафаробод нафаре аз  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқи намондаанд аз ин лиҳоз собиқадорони меҳнат аёдат карда шуд. Дар арафаи ҷашни Ғалаба имрӯз 9 май бо ҳамроҳии Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Туйғун, шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Исмоилов А, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Дониёров П ва Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ашуров Р ба хонадони собиқадорон омада онҳоро бо муносибати ҷашни Ғалаба табрику муборакбод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>