Вохӯрӣ дар деҳаи Маданият

20180511_102017

ҶАББОР РАСУЛОВ. Рузи гузашта вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, бо интихобкунандагони ҳавзаи №13, деҳаи Маданият ва Селкан дар Ҷамоати деҳоти Гулхона баргузор карда шуданд. Дар вохӯрии мазкур вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи №13 Отамуродзода Туйчибой, муовини раиси КИН ҲХДТ Умарзода Ботирҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Устопиров Парвиз, раиси ТИ «КАТС» Одинаев Раҷаб ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти Гулхона Тошпулотова Назира иштирок ва баромад намуданд.   Дар вохӯрии мазкур вакил оиди фаъолияти вакилиаш ва баромадкунандагон дар бораи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», пешгирии экстремизм, пешгирии зуроварӣ дар оила, пешгирии никоҳи бармаҳал, дар бораи муҳоҷират, маданияти шаҳрдорӣ ва маданияти экологӣ суханронӣ намуданд. Дар охир бо иштирокчиён суолу ҷавоби озод баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>