Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз

ГУЛИСТОН.  Дар саросари кишвари Тоҷикистон «Рӯзи байналмилалии оила» бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ободию маърифат ва фарҳангу ахлоқи ҳар як давлат аз ободию дониш ва маданияти мардуми он ва аз оила сарчашма мегирад. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи кор бо занон, санаи 10 майи соли 2018 ба муносибати «Рӯзи байналмиллалии оила» ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар толори ташкилоти ибтидоии шаҳраки «Зарнисор», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10  маҳфили навбатии «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз» бо ҷалби оилаҳои барӯманд,  ҷавонписарону ҷавондухтарон, занони фаъоли ҳизб баргузор гардид. Директори муассиса Расулов А. ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, сухани навбатӣ ба раиси шаҳраки Зарнисор дода шуд. Шарипова Ш.Р. меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфилро муаррифӣ намуд. Дар он намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М. А, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Р.Г, мудири  бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандони шаҳр  Маҳмудзода Н.М, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Раҳматова О.Р иштирок ва баромад намуданд. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А. сухани табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М,Ғ. ба диққати ҳозирин расонида, дар мавзӯъи «Нақши оила дар ҷомеаи муосир» баромад намуд ва бо иштирокчиёни маҳфил дар атрофии мавзуъ саволу ҷавоб, барпо кард. Дар хотимаи сухан қайд гардид, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо қайд намудаанд: Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худ ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан- модар, сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.  Намоиши филми тарбиявӣ ба диққати ҳозирин расонида шуда, оилаҳои барӯманд ва хонандагон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Оилаҳо дар бобати оиладорӣ, мушкилӣ ва роҳҳои ҳалли он суҳбат карда, ба саволҳои ба миён омада, посухҳои муфассал доданд. Барномаҳои адабӣ-мусиқӣ ҷолиби диққат буд. Дар ҷамъбасти маҳфил бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии оила» мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оилаҳои барӯманди ташкилоти ибтидоии шаҳраки Зарнисорро бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>