Фаҳмонидани моҳияти Қонун

КОНИБОДОМ. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавондухтарон ва  пойдориву мустаҳкамии муносибатҳои оилавӣ ва фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 вохӯрӣ бо духтарони синфҳои 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42,54 баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҳфили мазкур тарбияи ҷавонондухтарон, маслиҳатҳои муфид оид ба идома додани таҳсил дар массисаҳои олӣ, шомил намудани ҷавондухтарон ба касбу ҳунар, оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷомеа, оид ба пешгирӣ намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар оила ва ҷомеа буд. Дар маҳфил Ҷӯраева М- директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42, муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Конибодом, Абдуллоева З- мутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раиси Шӯрои духтарони шаҳр иштирок ва баромад намуданд. Зимни баромади худ иштирокдорон оид ба тарбияи духтарон дар оила, тарзи пӯшидани либоси мактабӣ, омодагии  духтарон ба таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ, маданияти истифодабарии телефонҳои мобилӣ, тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хушрафторию хушмуомилагӣ, эҳтироми падар модар ва гирду атроф, ҳурмати калонсолон, оид ба ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист, нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ ва ғайраҳо  фикру ақидаҳои худро баён намуданд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>