«20 рӯзи ҷавонӣ» — иқдоме, ки истеъдодҳои ҷавонро муаррифӣ мекунад

МАСТЧОҲ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои сазовор истиқболу таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабиниҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва варзиширо ба нақша гирифтааст, ки марҳила ба марҳила то рӯзи ҷашн баргузор мешаванд.  Имрӯз низ дар доираи иқдоми «20 рӯзи ҷавонӣ» озмуни фарҳангии «Истеъдоди нақшофарӣ» баргузор шуд, ки зимни он муҳассилину донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ноҳия ҳунару маҳорати актёрии худро нишон доданд. Нахуст дар расми ифтитоҳи озмун Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба нақши ҷавонон дар рушди мамлакат ва дастгириҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони даврони соҳибистиқлол сухан гуфта, иброз дошт, ки дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо аз шумо фақат ду чиз тақозо мешавад; хониши хубу аъло ва хизмати содиқона ба халқу ватан. Дар идома Дилшод Зокиров мақсади озмунро шарҳ дод ва изҳор дошт, ки чунин озмунҳо барои рушди зеҳнии ҷавонон, таҳкими дӯстию иттиҳоди эшон ва шинохтану қадр кардани истеъдодҳо нақши калон доранд. Сипас озмун аз рӯи шартҳои суханварӣ, нақшофарӣ ва баёни ҳолат бо забони имову ишорат шуруъ шуд. Тибқи хулосаи ҳайати доварони соҳибсалоҳият дастаҳои коллеҷҳои омӯзгорию кишоварзӣ, литсеи касбии саноати кишоварзӣ ва МТМУ №1-и ноҳия ғолиб дониста шуданд. Тибқи иттилои бахши таблиғу иттилооти кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ то Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши кор бо ҷавонони кумиҷроия баргузории беш аз 20 чорабинии гуногунро ба нақша гирифтаанд, ки дар доираи иқдоми «20 рӯзи ҷавонӣ» ҳар рӯз баргузор мешаванд.- Ҳамаи чунин чорабиниҳо зери як шиор — «Ҷавонон даврони истиқлол — пайравони содиқи Пешвои миллат!» баргузор мешаванд, ки аҳамияти бузурги сиёсию иҷтимоӣ дошта, бозгӯкунандаи муҳаббати беназири ҷавонони мо нисбати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, — мегӯяд раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>