Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Оила»

гулистон рузи оила

ГУЛИСТОН. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи Оила» дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тарбиявӣ»  муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Оила» бо оилаи намунавии шаҳр, оилаи омӯзгорон Қаҳҳоровҳо ташкил ва  баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабова Г.М, омӯзгорон, ҷавононписарону ҷавондухтарон иштирок доштанд. Директори муассиса Ёқубова М.З. ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас, оилаи Қаҳҳоровҳо дар бораи  вазифа, масъулият ва ӯҳдадориҳо, тарбияи фарзанд, аз таҷрибаҳои бойи оиладории хеш нақл намуданд. Ба саволҳои иштирокчиён посухҳо дода шуданд.     Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А. дар мавзӯъи «Маърифати оиладорӣ ин устувори оила ва солимии ҷамъият аст» баромад намуда, ҳозиринро бо «Рӯзи Оила» , ки санаи 15-уми май ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил мегардад шодбош намуд. Таълимгирандагони муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон шеърҳо, дубайтиҳо дар васфи Тоҷикистон, Ватан қироат намуда, бо суруду саҳнача ва рақси гуруҳӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд. Дар итмоми чорабинӣ оилаи Қаҳҳоровҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>