Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

бғ1

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зиёда аз 30 нафар оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва ятиму бепарастор кӯмаки яквақта расонида шуд. Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ, раиси ташкилоти ибтидоии «Сино-555» Ҷабборзода Парвиз зимни баромад қайд намуд, ки шукрона аз истиқлолияти бадастоварда ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки имрӯз мо дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарем. Таваҷҷуҳи давлату ҳукумат бо роҳбарии Сарвари хирадмандаш бо қишри ниёзманди ҷомеа хелебғ11 беандоза аст. Ва моро низ муаззаф мегардонад, ки доимо дастгиру мададгори чунин ашхос бошем. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба сухан баромада, ин иқдоми пешгирифтаи ашхоси саховатмандро пеш аз омадани моҳи шарифи Рамазон мусбӣ арзёбӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>