Дар иҷрои вазифаҳо аз ҳар вақта дида масъул бошем!

ХУҶАНД. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни кумитаи иҷроия  маҷлиси кумиҷроия баргузор гардид. Раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ маҷлисро оғоз бахшида, ҳамаи аъзоёни кумиҷроияро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Сипас, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба даъват намудани  Конференсияи XXI  ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қарор қабул намуданд.  Конференсияи ғайринавбатӣ санаи 5 июни соли равон баргузор мегардад. Раиси кумиҷроия аъзоён ва раисони ташкилотҳои ибтидоиро вазифадор намуд, ки дар ҷаласаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ба ғайр аз интихоби вакилон, ки аз 85 нафар аъзо як нафар муқаррар шудааст, ҳамзамон бо мақсади дастгирии иқдоми Пешвои муаззами миллат дар мавриди эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабиниҳои мухталиф доир намоянд. Дар идомаи кори ҷаласа Маликисломӣ Наим Мунаввар бобати интизоми ҳизбӣ, ба танзим даровардани низоми ҳуҷҷатгузорӣ, вокуниши сареъ додан ба мақолаҳои муғризонаҳои душманони миллат сухан ронда, баён дошт, ки танҳо дар ҳамҷоягиву ҳамбастагӣ метавонд ба мақсадҳои ниҳоии худ расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>