Мо ҷавонони созандаем

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Тибқи нақша – чорабинии гурӯҳи «Созанда» — и намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд бо мақсади ёрии амали расонидан ба шахсони пиру барҷомондагон рӯзи гузашта аъзоёни гурӯҳ ду нафар истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд Пулотов Мӯмин 75 сола ва Любов Паловна 70 сола, ки ба ёрии ҷавонон мӯҳтоҷ буданд аёдат карда шуданд. Ҷавонон дару тиреза, табақу коса ва хонаҳои ин шахсонро  рубу чин намуда аз партовҳо тозаву озода намуданд. Дар ҷараёни ёри расонидан, шахсони яккаву танҳо аз ҳёту рӯзгори худ қиссаҳоро нақл карда, ҷавононро бо суханҳои ширин насиҳатҳои пандомез дарси ибрат гуфтанд. Пиронсолон аз ин иқдоми ҷавонон шод гардида, арзу сипоси самимии худро ба Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кумиҷроияи вилояти расониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>