Ватандориро биомӯзонем!

АНДЕША.  Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзишмандатарин дастоварди миллӣ, манфиатҳои моро ҳимоя карда, орзуву омоли моро дар ҳаёт амалӣ месозад ва барои кору зиндагии шоиста яъне фардои ободу осудаи моён шароиту заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Ҳар як фарди бо нангу номуси худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвари мо дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, дар арсаи байналмиллалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд. Дар марҳалаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби нерӯи ҷавонон, хусусан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад. Тарбия ва таълим, касбомӯзию ҳунармандӣ, гирифтани маълумоти миёнаи махсусу олӣ барои фарзандони ҳар яки мо муҳим ва тақдирсози ояндаи онҳо мебошад.  Чун муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ, зинаи аввали соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ин вазифаи муқаддас дар назари мадди аввал меистад. Вазифаи муҳими тарбия ва таълими насли наврас дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабӣ, ин мураббиёнро водор месозад, ки дуструякон-тарбиятгирандагонро зери руҳияи хештаншиносию халқомӯзӣ, донистани таърихи зодгоҳи худ, аъзои оилаи худ, хешу ақрабои худ, эҳтироми суннату фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, дустию рафоқат ва бо тамоми маънояш фарди бо нангу номусро ба воя расонанд.   Вазъи ҷаҳони муосир хушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Имрузҳо нерӯҳое ҳастанд, ки метавонанд зери  нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи ҷомеаро ноором созанд. Дар Тоҷикистони биҳиштосои мо низ падидаҳои номатлубе мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнӯъшудаи ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз қабили онҳост. Ин ҳизб имруз дар сарзамини мо фаъолият надорад, фаъолияти он қатъ гардидааст! Аммо, то имруз пайравони ҳизби наҳзати ислом паноҳ бурдан ба хориҷиву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муҳими хориҷа  ва дар андешаи ноором кардани ҷомеаи кишвар корҳои «сиёи» худро карда истодаанд. Ҳам замон ва ҳам вақт исбот намуд, ки ҳизби мазкур қудрат ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро карда натавонист! Ин ҳизб, бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуку фаъолияти расмӣ, то ҳатто натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва суиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои иғвоангезро ба роҳ мондааст. Ҳизби наҳзати ислом ҳатто ба моҳияти динии мубини ислом ихтилоф дорад. Рафтору кирдори пайравони ҳизби наҳзати ислом афсонаеро мемонад: рубоҳе, ки ангурро дастрас карда наметавонад, ва дар охир «турш» будааст гуфта меравад. Ватан ширин аст! Ватан азиз аст! Ватан муқаддас аст! Ватанро ватандор азиз дошта метавонад!     Аз ин ру, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро, падару модаронро, омузгорун аз он ҷумла мураббиёни муассисаи давлатии таҳсилоти томактабиро водор месозад, ки баҳри бартараф намудани тамоми омилҳои низоъангезии он дар ҷомеаи худ, саъю талош варзем. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони озоду дунявии мо муҳимтарин дастоварди миллати мост! Дар тӯли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти ин дастовард барои мо азиз аст, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Оре ин  ҳаётест, ки сарзаминаш биҳиштосо мебошад. Сарзаминест, ки Пешвои миллати Худодод дорад! Мо бояд ватандории ҳақиқии насли наврас — пайравони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллатро тарбия намоем.

 

Як гуруҳ аъзоёни фаъоли ҲХДТ  кудакистони №17 ноҳияи Спитамен

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>