Дин ҳизб надорад

андеша 2

АНДЕША. Дар хифзи Истиқолияту таъмини амнияту оромии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти ҳамешагии мамлакат мо ҷавон саодатманди диёр масъулу қарздорем. Нисбати дуруғу лофзаниҳои беҳуда Кабириву ҳаммаслаконаш мегӯем, ки аз рафтору амалҳои ношоистаи хеш даст кашида, воқеияти ҳолро пешниҳоди мардум кунанд. Худро аз «дилсузони миллат» нишондода мардумро ба гумроҳиҳо набаред ва номи баланди миллатро хешро бо туҳмату буҳтонҳо обруи кишварамонро дар арсаи чаҳонй паст назанед. Ҳол он ки Шумо низ дар ҳамин сарзамини биҳишосо таваллуд гардида, обу ҳавои мусаффои ин Ватани маҳбуб ба воя расидаед. Ин марзи муқаддас ва мардуми ваҳдатовар имрӯз душманони худро дарёфтанд. Ҷавонони далеру шучоъ ирӯз душамони миллати хешро намегузоранд, қадаме ба хоки муқаддаси Ватан монад. Имрӯз ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнатдӯсти Тоҷикистон барои расидан ба зиндагии шоистаи ҳар як хонадони тоҷик мебошад. Мо насли ҷавон низ баҳри ободиву созандагӣ, рушди мунтазами иқтисодию иҷтимоии кишвар талош ҳамешагӣ менамоем. На ин, ки мисли Шумо хонинони Ватан аз номи Ислом ҳарф зада, пойбанди шахсони золиму хунхор шавем. Солҳо зарару ҷароҳати расонидани ТЭТ ҲНИТ дар мамлакат боқи монда, сабабгори куштору ғорати кишвар шуданашон барои наслҳои оянда дарси ибрат аст. Имрӯз Кабирӣ ва дигар хонинону бадхоҳони миллат аз минбарҳо ҳарф мезананд. Лекин боре дарк менамоед, ки барои созандагиву ободкорӣ ва ҳаёти хушу хуррами мардум то кадом андоза кореро анҷом додаед. Бале ҳамагон медонанд танҳо коре кадед, ки мардуми бегуноҳ ҳалок гарданд, модарон бефарзанд, занону фарзандон бесаробон монданд. Имрӯз низ аз минбарҳо барои нафъи мардум ҳарфе намегӯед, танҳо туҳмату буҳтон ва ивғоангезии маҳз дореду халос. Аммо ҷавонони худогоҳ намегузонанд, ки нақшаҳои шумо хоинон амалигардад. Баҳри пойдории Истиқлолият ва сулҳу амнияти кишвар мо ҷавонон масъулем ва қарзи мукаддаси худ мешуморем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>