Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Оила

DSC_5544

АЙНӢ Бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ  дар  ҳамкори  бо  бахши  кор  бо  занони  мақомоти  иҷроияи  ноҳия  бахшида ба Рӯзи Оила вохӯриҳоро роҳандозӣ намуд. Дар вохӯриҳо қайд карда шуд, ки “Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.Оила макони бузурги тарбия ва камолоти маънавию ҷисмонии кӯдак ба шумор рафта, тарбияи волидайн ба ояндаи ӯ заминагузорӣ менамояд.Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ин тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, инсондӯстию худогоҳӣ ва роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро буд.Инчунин моҳи декабри соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №801 “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои рушди оила ва пойдории он дар давраи ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус медиҳад”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>