Рӯзи Шашмақом ва 30-солагии ансамбли Шашмақом-и назди бахши фарҳанг

КОНИБОДОМ. Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар бахши Фарҳанги шаҳр бахшида ба Рӯзи «Шашмақом» ва 30-солагии ташкилёбии ансамбли «Шашмақом» дар қасри фарҳанги «Бодом»  консерти идона баргузор гардид. Рӯзи Шашмақом воқеан ба як иди бошукуҳ табдил ёфта, мухлисону ҳаводорони зиёди ин санъати гуҳарбори миллиро сарҷамъ намуд. Аз ҷониби аъзоёни ансамбли «Шашмақом»-и назди бахши фарҳанги шаҳр суруду оҳангҳои дилнавоз, навозишҳои нотакрору пурэъҷоз садо дода, табъи ҳамагон болида гардонида шуд. Дар консерти идона муовини раиси шаҳр узви раёсати КИШ ҲХДТ Ашурматзода Замира Ӯктам иштирок карда, ҳамагонро бо Рӯзи Шашмақом, ҳамчунин ҳайати ансабмлро бо 30-солагии таъсисёбии ансамбл шодбош гуфт. Ӯ ҳамзамон, аз устодони санъати Шашмақом ёдоварӣ намуда, аҳли санъати шаҳрамонро ба идомаву сайқал додани ин мероси гаронбаҳо даъват кард. Дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд аъзоёни ансамбл — барои фаъолияти назаррас ва тарғибу ташвиқ ва такомули ин санъати волои тоҷик Сипосномаи раиси шаҳрро тақдим намуд. Боиси қаноатмандист, ки тайи чанд сол ин санъати нотакрору мӯъҷизаофари тоҷик мавқеи хоса касб намуда, байни мардум мавриди пазироии гарму самимӣ қарор мегирад, ки он ба рушди санъати шашмақом мусоидат хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>