Ҳунармандони мо: Муъҷизаи дастони пурҳунар

КОНИБОДОМ. Рассоми моҳир узви ҲХДТ Акрамҷон Раҳимов низ гӯё маҳз барои офариниши зебоӣ ба дунё омадааст. У сокини ҷ/д Пӯлодон буда, ҳамроҳи ҳамсафари зиндагиаш Солеҳахон чун рассомони моҳир, кандакори чирадаст, кулолгари асил, лӯхтаксоз (омодасози бозиҳои мулоим) ном баровардаанд. Маҳз шавқу рағбати ягонаи ҳарду ба ин ҳунар онҳоро дар овони ҷавонӣ бо ҳам пайваста буд. Инак тайи зиёда аз 30 сол аст, ки ин санъати нотакрорро якҷоя ривоҷу равнақ мебахшанд. Ҳангоми ба устохонаи ин оилаи ҳунарманд ворид шудан кас худро дар олами зебоиву нафосат ва муъҷизот эҳсос намуда, бори дигар бовар ҳосил менамояд, ки «Дасти одамизод гул аст!» Махсусияти ҳунармандии Акрамҷон Раҳимов дар он аст, ки ӯ мехоҳад ва мекӯшад, то маҳсули дастонаш дигаргуна бошад, навигарие дар худ зоҳир намояд, ба маҳсули кори дигарон монандӣ надошта бошад. Ҷое тасвир мекунад, вақти дигар бо кандакорӣ машғул мешавад, лаҳзаи дигар нақш мерезад. Ӯ ба ҳамаи ин корҳо вақти худро тақсим мекунад. Апаи Солеҳа бошад, дар ҳама кор ёвари ӯст. Ӯ худ бозичаҳои мулоим омода мекунад, барои рангин намудани олами бачагон лӯхтакҳои гуногуну аҷоиб месозад. Ҳамчунин, бо кулолгарӣ машғул мешавад, аз гил ҳар гуна ашё тайёр мекунад. Имрӯз фарзандонашон пайрави падару модаранд: яке ба рассомиву кандакорӣ ва дигаре ба лӯхтаксозиву кулолгарӣ рағбат доранд. Ҳамагӣ зебоипарастанд. Чи тавре зимни суҳбат рассом Акрамҷон иброз дошт, эҷодкорӣ бо мутолиа вобастагии зич дорад. У пайваста китобҳои гуногун мехонад. Ва ҷавононро ба истифодаи самараноки вақт ва китобхониву ҳунаромӯзӣ даъват мекунад. Ин оилаи ҳунарманд дар ҳаёт нақшаву ниятҳои зиёд доранд ва барои амалӣ намудани он тамоми нерӯи худро равона месозанд. Дар ин самт Акрамҷон аз малакаи тарроҳии худ истифода мебарад. Дар оянда барои боз ҳам зеботар намудани симои шаҳр ва гӯшаву канори он ғояҳои муфид дорад.

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>