Қабули аъзои нав ба сафи ҳизб

20180511_112934

ҶАББОР РАСУЛОВ. Барои ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд. Санаи 14 майи соли 2018 мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо ва мудири шуъбаи омори КИН ҲХДТ Отабоев Пулод дар МТМУ №14 ва МТМУ №15-и Ҷамоати деҳоти Деҳмой, дар фазои тантанавӣ ба бисту шаш нафар аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, таъкид намуданд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ барои ҷалби бештари аъзо фаъол бошад. Сафи ҳизбро мо бояд аз ҷавонони фаъолу болаёқат, шахсони Ватандӯсту Ватанпараст зиёд намоем. Қабули аъзоён ба сафи ҳизб дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>