Оилаи солим – ҷомеаи солим

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалигардонии ғояҳои Барномаи ҲХДТ дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони ҷавон  дар варзишгоҳи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Мақсади баргузории чунин чорабинӣ ин ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷомеа, беҳтар намудани саломатӣ, хубтар намудани малакаи касбии варзишгарон, таҳкими дӯстию рафоқат байни ҷавонон ва наврасон, дур кардани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва нашъамандӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ватандӯстӣ иборат буд. Дар машқи пагоҳирӯзӣ варзишгарон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона иштирок намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>