Кабирӣ тири силоҳи хоҷагони хориҷист

АНДЕША.  Ҳамагон мардуми Тоҷикистон аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом бахубӣ огаҳӣ дорем. Хусусан пинҳону ошкоро ва фитнагароёна амал намудани террорист ва хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ҳамагонро ба ҳайрат мегузорад. Ростӣ чун аз таърихи хиёнаткориҳои наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳам замони пас аз баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ огоҳем, ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон наҳзатиҳо мунтазам фаъолият ва амал мекунанд. Маҳз чунин андешаву омоли разилона буд, ки Кабирии бешараф бо роҳнамоии хоҷагони хеш бори дигар хостори барангехтани кинаву адоват ва гумроҳкунии мардум гардид. Хушбахтона ин разили гумроҳшуда ба мақсаду ниятҳои нопоки худ нарасид ва неруҳои қудративу халқи азиз садди роҳи ин бешарафро гирифтанд. Бо роҳбарии Кабирӣ шуруъ шудани ошӯби генерали хоин Абдуҳплим Назарзода, бори дигар аз тинани сиёҳ ва ҳадафу нақшаҳои муғризонаи наҳзати наҳс ва роҳбари нохалафи ӯ шаҳодат медод. Бахусус дар қароргоҳи ҳизб, ки бо номи исломи пок омезиш дода шуда буд, тарҳрезӣ намудани нақшаҳои нопок ва кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ худ боиси он аст, ки ин зархаридони хоҷаҳои хориҷӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзҳои мудҳиши гуреза шудани падару модарон ва пирони хирад, ятиммонии кӯдакони бегуноҳ, бесаробон мондани оилаҳо ва дигар омилҳо бори дигар ба худ ибрат нагирифта, боз даст ба амалҳои нангин ва нафратангез заданд. Бешак эҳсос кардан мумкин аст, ки Кабирӣ пинҳонӣ ҳамчу тири силоҳи хоҷагони хориҷӣ ба сӯи Тоҷикистон равона шудааст ва худ аз ин бахубӣ огоҳ аст. Аммо чун ба хоҷагонаш байъат ва ё савганд ёд кардааст, аз хати кашидаи онҳо нахоҳад баромад. Аз ин нуқтаи назар Кабирӣ бешараф ва хоини миллат аст, ки бо дасти хоҷагонаш хонаи худро оташ хоҳад зад. Моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзат ва Кабирии бешараф-тири хоҷагони хориҷӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки аз чунин тири хоҷагон ба Ватани маҳбубамон осебе расад.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>