Бо номи миллат — бар зидди миллат

андеша

АНДЕША. Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда,  дар  раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад.  Экстремизм  ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои  сиёсии  ҷаҳони муосир буда,  мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умумибашарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда, бунёд  ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ мегузорад. Мафҳуми экстремизм дар конвенсияи аҳдномаи Шанхай дар бораи мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм чунин маънидод гаштааст: «экстремизм-амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо  роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа». Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро эътироф мекунад ва вазифадораст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад. Ифротгароӣ дар  мамлакатҳои Аврупо агар дар шакли ҳаракати скинхедҳо, фашизми навбаромад зуҳур ёбад, дар мамлакатҳои Шарқ бештар дар шакли динию миллӣ зуҳур кардааст. Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи  динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан осонтар аст.  Имрӯз ҷомеаи моро амали созмонҳои ғайриқонунии ҳизби «Таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ба ташвиш овардааст. Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон,  балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад. Ҳамагон амалҳои ваҳҳобиёнро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар хотир доранд.  Бо даъвати онҳо чӣ қадар ҷавонон ба митингбозиҳову даргириҳои сиёсӣ кашида шуданд?.  Ин ҷанг ба ҷумҳурии мо 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ расонид, ки ин зарбаи калон ба генофонди миллат буд.  Имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Барои ин дар мактабу донишгоҳҳои олии касбӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешид.  Бояд ҳар як аъзои ҷомеа на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки  дарку иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ биҳисобад. Дар ҳиссу тафаккури онҳо дарки баланди ватандорӣ парвариш карда шавад, токи барои ба даст оврдани фоидаву маблағи яквақта ба амали ҷиноятӣ даст назананд. Ифротгароӣ ватан надорад, дар куҷое набошад онҳо ҷавононро ҷалб кардан мехоҳанд. Тирамоҳи соли 2014 мошоҳиди он будем, ки мақомоти дахлдор амалиёти гурӯҳҳои ифротгарои диниро дар ҳудуди вилояти Суғд ошкор намуданд. Дар шаҳри Панҷакент гурӯҳеро дастгир карданд, ки онҳо фаъолиятихудро дар ҳудуди шаҳри Екатеринбурги Россия бо машқҳои ҳарбӣ шурӯъ карда, ҷавононро аз ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истаравшан ҷалб карда буданд. Баъди машқҳо онҳо ба ҳудуди Сурия рафта, аз тарафи мухолифини ин давлат ҳамчун аскари кироя хизмат мекунанд.  Бо мақсади он, ки оилаҳояшонро ба Сурия гирифта баранд, онҳо ба Тоҷикистон бар мегарданд. Онҳо бе иҷозати ҳукумати Тоҷикистон ба он ҷо рафта буданд. Ҳини бозгашт дар майдони ҳавоӣ онҳо дастгир мешаванд. Аз гузориши сардори гурӯҳ бармеояд, ки онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон низ гузаронидани табаддулоти давлатиро дар нақша доштаанд. Ҳатто тарконидани нуқтаи муҳими стратегӣ, нақби Истиқлол ва Шаҳристонро пешбинӣ карда буданд. Вақте ки ба саволҳои шореҳ тавассути телевизион сардори гурӯҳ дар ин бора арза дошт, хеле ба ҳайрат омадам, ки ин ҷавонони роҳгумзада барои фоидаи шахсӣ ва мақсадҳои нопоки сиёсии худ аз ягон воситаи мубориза бар зидди сохти конститутсионӣ рӯй наметофтаанд.  Пеши назар кӯшишҳои пайгиронаи Сардори давлат меомад, ки барои баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ чӣ тавр бо Эрону Хитой ҳамкорӣ карда, робитаи минтақаи шимолу ҷануби мамлакатро осон кард. Ба ҳам пайвастани ин ду нуқтаи муҳими стратегӣ ин орзуи деринаи халқ буд ва ба шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Ин ормони  дар замони истиқлолият амалишудаи халқро кадом ифротие, ки ба ӯ  ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ бегонааст, мехоҳад тарконад, ба давлату миллат зарари моддӣ расонида, ваҳдати тоҷикону якпорчагии Тоҷикистонро ба нестӣ орад.  Тавассути шабакаи интернет овозае паҳн гардид, ки 10 -11 –уми октябри 2014 дар ҳудуди Тоҷикистон митингҳои зидди сохти конститутсионӣ барпо мегардад.  Лекин хукумати конститутсионии Тоҷикистон гурӯҳи «24» -ро дастгир карда, амнияти мардумро таъмин, сохти коститутсиониро ҳифз намуд.  Моҳи сентябри соли 2010  бар зидди шӯъбаи шашум сӯиқасд ташкил карда шуд, ки дар натиҷа ба ҷумҳурӣ талафоти ҷонию моддӣ расонид. Иштирокчиёни он гӯёба хотири ба ҷаннатафтодан ин амалиётро анҷом додаанд. Ин таҳрифи таълимотҳои дини мубини Исломаст. Дар ягон ояти «Қуръон»-и карим дар бораи ҳангоми худкушӣ ва куштори дигарон ба ҷаннат рафтан чизе гуфта нашудааст. Куштор аз назари ислом гуноҳи бадтарин аст. Касе ки ифтихори миллӣ дорад, бо куштор не балки бо эҷодкорию созандагӣ ватанро обод, мардумро шод ва худро ба қуллаи мурод мерасонад. Давлати Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ аз минбари СММ борҳо баҳри пешгирию мубориза алайҳи созмонҳои ифротгароӣ бо таклифҳои мушаххас баромад кард.  Ин иқдоми давлатро мардуми тоҷик бо дарки масъулиятшиносӣ ва амри зарурати марҳилаи кунунӣ дастгирӣ мекунад.  

Шокиров Т. С.- профессор

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>