Вохӯрӣ бо донишҷӯён

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 10 майи соли 2018 таҳти №10 ва  нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» аз ҷониби масъулони КИН ҲХДТ бо донишҷӯёни литсейи касбӣ-техникии №65-и ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод, мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо, ҷонишини директор оид ба таълим Ғаффорова Умида ва донишҷӯёни муассисаи мазкур иштирок намуданд. Набиев Шерзод бо сухани ифтитоҳӣ ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, оиди сиёсати ҷавонони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва инчунин дар бораи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҳар як ҷавон бо ҳисси ватандӯстии баланд, бо зиӣракии сиёсӣ ва содиқона ба Ватан хизмат намоянд. Ҷонишини директори  литсейи касбӣ-техникии №65-и ноҳия Ғаффорова Умида дар бораи соҳаи маориф ва ҷавонон маълумот дода, изҳор намуд, ки соҳаи маориф ва ҷавонон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Шумо ҷавонону наврасон ояндаи миллату давлатед ва ободу зебо нигоҳ доштани сарзамини зебо ва пос доштани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар яки мост.  Дар охир бо иштирокчиён суолу ҷавоби озод баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>