Чорабинӣ бахшида ба рузи оила

КОНИБОДОМ. Бахшида ба рӯзи байналмиллалии оила дар Коллеҷи омӯзгории шаҳр  чорабинии озод баргузор гардид, ки дар он Рафоат Иномӣ корманди шоиста, собиқадори меҳнат ва Ҳоҷиев Фируз мудири шўъбаи  ташкилии КИШ ҲХДТ иштирок намуда доир ба оиладори баромад намуданд. Дар чорабини навори зиндагиномаи оилаи Абдурашидов А ки 41 соли собиқаи оилави доштанд намоиш дода шуд. Сипас  донишҷӯёни Коллеҷ оид ба мафҳуми оила ва оиладори баромад намуданд. Дар рафти чорабини саволу ҷавоби озод баргузор гардид ва байни иштирокчиён омили вайроншавии оилаҳо муҳокима карда шуд. Инчунин фарзандони оилаи Абдурашидов А баромад намуда падару модари худро оид ба 41 соли собиқаи оилави ва барои таълиму тарбия табрик намуданд. Дар фарҷом  сарвари Коллеҷ Раҳмонзода Г оилаи Абдурашидов А-ро бо рўзи оила табрик гуфта ба онҳо сипоснома ва тӯҳфаи хотирави тақдим намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>