Чорабини фарҳанги бахшида ба «Рӯзи оила»

ЗАФАРОБОД. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ситора» воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, САҲШ, маориф ва фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Байналмиллали оила баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Р, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Т, мудири САҲШ-и ноҳия, раисони шаҳраку деҳот, шуъбаи занҳо, фаъолону собиқадорони ташкилоту корхонаҳо, оилаҳои намунави аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 50 нафар иштирок намуданд. Дар ин чорабини ба як ҷуфт оилаи ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ, ба як нафар тифл шаҳодатномаи таваллуд аз тарафи Раиси ноҳияи Зафаробод бо тантана супорида шуд. Дар фарҷоми чорабинии мазкур бо оилаҳои намунавӣ ва оилаҳои ҷавон тӯҳфаҳои хотирави супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>