Ҷашни «Рӯзи байналмилалии оила» дар Ҷамоати шаҳраки Палос

БӮСТОН. Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила дар Ҷамоати шаҳраки Палос чорабинӣ таҳти унвони «Оилаи ҳунарманд  — гули сари сабади ҷомеа» баргузор гардид. Дар чорабинӣ яке аз оилаҳои намунавии шаҳраки Палос, Қодиров Мирзоқодир ва Қодирова Сабоат,  ки  35сол зиндагии хушбахтона ба сар бурда, ҳарду ҳунарманд мебошанду бо меҳнати ҳалоли худ се фарзандро ба воя расониданд даъват шуданд. Оилаи  Қодировҳо тӯли ин солҳо саҳми худро  барои рушди соҳаи фарҳанг ва  ҳунарҳои мардумӣ гузоштанду дар назди мардум соҳиби обрӯи эътибори хоса гардиданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ  аъзоёни фаъоли ҲХДТаз ташкилоти ибтидоии «Палос», аъзоёни  Шӯрои занони КИ ҲХДТ, омӯзгорон ва бонувони шаҳраки Палос иштирок варзиданд. Дар оғози чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони шаҳраки Палос намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷамоати шаҳраки Палос  пешкаш гардид.  Чорабиниро мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Юсупова М. оғоз намуда, оиди маърифати оила, бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила, сухан кард. Сипас, аъзои  Шӯрои занони КИ ҲХДТ мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Қосимова М. Я. оид ба оиладорӣ, сири хушбахтии  оилаи ҳунарманд ва масъулияти онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон сӯҳбат намуд.  Аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳр барои  оилаи намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар охири чорабинӣ барои 10 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>