Таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии оила

КОНИБОДОМ. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила дар тарабхонаи «Гули бодом» чорабинии идона баргузор гардид. Нахуст дар даромадгоҳ намоиши маҳсули дастони оилаҳои ҳунарманд ташкил карда шуда, меҳмонон аз онҳо дидан карданд. Чорабинӣ бо иштироки якчанд оилаҳои беҳтарину намунавӣ, фаъолон, бонувони рӯзгордидаву соҳибҳунар ва оилаҳои ҷавон ҷараён ёфт. Нахуст намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Баҳодур Маҳмудов иштирокдорони маҳфилро бо рӯзи оила табрик гуфта, паёми шодбошии раиси шаҳрро ба самъи ҳозирин расонид. Дар чорабинӣ 6 оилаи интихоб гардида, оид ба сирри хушбахтии оилавӣ, тарбияи фарзандон ва оилаву оиладории тоҷикона суҳбатхои гарму самимӣ доштанд. Аз ҷумла, оилаи ҳунармандон — Ғафуровҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон, ки зиндагии якҷояи 60-сола доранд, оилаи табибон — Маликовҳо (41 сол) аз ҷ/д ба номи Э.Шарифов,  оилаи  коргарон — Сатторовҳо (60 сол зиндагии  якҷоя) аз ҷ/д ба номи Ғ.Ортиқов,  оилаи омӯзгорон — Маъруповҳо аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ки 52 сол зиндагии якҷоя доранд, оилаи хунармандон — Ниёзматовҳо (40 сол) аз ҷамоати деҳоти Патар,  оилаи зиёиён — Бурҳоновҳо  (36 сол) аз  ҷ/д ба номи Р.Ҳамробоев ҳамчун оилаҳои намунавии шаҳр пазируфта шуда, ҳар яки онҳо соҳиби фарзандону набераҳои баркамол ва оилаҳои устуворанд.  Онҳо аз зиндагии хеш нақлҳо намуда, оилаҳои ҷавонро ба сабуриву меҳнатдӯстӣ ва ҳурмати ҳамдигар даъват карданд. Зимни чорабинӣ ба оилаҳои ҷавон бошад, вобаста ба оиладорӣ суолҳои ғайримунтазир ва шавқовар пешниҳод шуда, онҳо низ фикру ақидаҳояшонро баён карданд. Дар фарҷом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оилаҳое, ки дар маҳфил ширкат варзиданд, бо Ифтихорнома ва туҳфахои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба оилаҳои ҳунарманд-ғолибони озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба Рӯзи оила доир гардид, туҳфаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом доир карда шуда, аъзоёни фаъоли ҳизб- оилаҳои намунавӣ низ иштирок намуда, бобати оилаву оиладорӣ андешаронӣ карданд. Инчунин, раиси Шурои собикадорони чангу мехнати шахр, полковник Соличон Рахимов дар махфил ширкат варзида, аз номи собикадорони шахр хамагонро бо ин иди фархунда табрик гуфт. Баргузор намудани чунин маҳфилхои хотирмон ва тарғиби рӯзгори хушбахтонаи оилаҳои беҳтарин ҷавонон ва наслҳои ояндаро баҳри арҷгузориву эҳтиром ба оила, эҳтироми калонсолон ва масъулият дар тарбияи фарзандон ҳидоят менамояд. Бояд қайд намоем, ки Кумитаи ичроияи шахрии ХХДТ дар ин чорабини хиссагузор буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>