Вохӯрӣ бо оилаи намунавӣ

мастчох

МАСТЧОҲ. Бо ибтикори бахши кор бо занон ва ҷавонони кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дирӯз вохӯрии муҳасилини МТМУ #1 бо оилаи намунавӣ — шоири ӯзбекзабон Эралӣ Ҷиянбоев ва ҳамсараш баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ, ки ба истиқболи Рӯзи оила бахшида шуда буд, и.в. мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Гулнора Ҷӯраева, мудири бахши кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявӣ Мавҷудахон Баҳодурзода ва директори муассисаи мазкур Орзугул Шарифова иштироку суханронӣ карданд. Э. Ҷиянбоев, шоири муваффақи ӯзбекзабон, ки бо ҳамсараш 41 сол инҷониб ҳаёти хушбахтона дорад, 5 фарзандро табият намуда, ба ҳаёти мустақилона ҳидоят намуданд. Мавсуф доир ба бузургии оила, эҳтироми ҳамсар ва дигар нозукиҳои оиладорӣ сухан гуфта, ҷавононро ба вафодорӣ ва риояи ҳуқуқҳои ҳамдигар даъват намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>