Маҳфили тарбиявӣ-ахлоқии «Пайванди муҳаббат»

ГУЛИСТОН. Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, эҳтироми  насли калонсолон, собиқадорони ҳизб, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами шахсони барӯманд, оилаҳои намунавӣ, тайёр  намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақил дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Адрасмон маҳфили тарбиявӣ-ахлоқии «Пайванди муҳаббат» бахшида ба «Рӯзи Оила» ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо занони фаъоли ҳизб, ҷавондухтарону ҷавонписарон, оилаҳои намунавӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мудири шуъбаи кор бо занон Раҳимова М.А  ва мудири шуъбаи кор бо занон ва мудири шуъбаи кор ба ҷавонон Раҷабова Г.М.   иштирок ва баромад намуда, номаи табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён М.Ғ  ба саҳми ҳозирин расониданд. Оилаҳои намунавии шаҳраки Адрасмон дар бобати эҳтироми волидон, тарбияи фарзандон, амалҳои неку бад, ҳаёт ва фаъолияти худ, муваффақиятҳо, мустаҳкамшавии оила нақл намуданд. Ҷавонондухтарону ҷавонписарон саҳначаҳои ҷолиби диққат ва тарбиявӣ намоиш доданд. Чорабинӣ дар фазои озод бо саволу посухҳо барномаҳои ҷолиби диққат суруду рақс, саҳначаҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.        Дар ҷамъбасти чорабинӣ оилаҳои барӯманд ва ҳунармандон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>