Ишқу муҳаббат ҳамеша дар оила поянда бод!

спитамен

СПИТАМЕН. Оила  дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Оилаи солим таҳкими асосии ҷомеаи солим аст». Ба хотири тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пойдории оилаи хушбахт, маърифати одоби оиладорӣ ва фарҳанги рӯзғордорӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии Оила дар ноҳия чорабинии пуршукуҳ баргузор гардид. Бо қалби пур аз меҳр ва орзуҳои ширин, оилаҳои намунавӣ, ҳунарманд ва хушбахти даврон ба тарабхонаи Амал таклиф карда шуданд. Сараввал, Муовини аввали Раиси ноҳия Зоҳидзода Даврон Абдуқодир ҳамагонро бо Рузи Оила табрику таҳният намуд.Дар чорабинии мазкур ҳафт оилаҳои кору касбашон гуногун,ки солҳои тӯлонӣ ҳамзистии хушбахтонаро ба сар бурда истодаанд, барои оилаҳои ҷавон намунаи ибрат ҳастанд  ва дар як вақт бо ҳунармандии ҳунарҳои миллӣ шуғл доранд, аз ҳафт ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия пазируфта шуданд. Оилаҳо мазкур бо ҳунарҳои миллии намуди сандуқсозӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ – намунаи маҳсули дастонашонро низ ба намоиш гузоштанд. Сардухтури КАТС Саидов Ихтиёр, ки дар душаш раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази саломатии №1»-ро дорад, худ чун оиладори намунавӣ ва ҳамзамон падару модараш, ки ҷашни тиллогини оиладориро доранд, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуданд. Дар рафти чорабинӣ дар байни оилаҳои Раҷабовҳо, Акрамовҳо, Холиқназаровҳо, Бутаевҳо, Юлдошевҳо, Исроиловҳо, Саидовҳо  маҳфили саволу ҷавоб  аз ҳаёти имруза, амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ақду никоҳи хешу таборӣ, хусумату хушунат дар оила ва дигар муаммоҳои мубрами руз баргузор гардид.   Баромади санъаткорони мумтози ноҳия, ансамбли раққосадухтарони гуруҳи «Сафина»-и Қасри фарҳанг ҳозиринро болидахотир намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>